Додхоҳии занони Қалъаи Нав аз Озода Раҳмон (АКС+ВИДЕО)
Як гуруҳ аз занҳои рустои Қалъаи нави шаҳри Роғун аз Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дархости расидагӣ ба қазияи боздошти пайвандонашонро доранд.
Ин гуруҳ аз занҳо ин лаҳза назди бинои Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ҷамъ омада, мегӯянд, номае бо дархости кумак унвонии Озода Раҳмон доранд. Онҳо дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтанд, умеди ягонаашон барои ҳалли қазия, баъд аз Худованд, Озода Раҳмон аст.
Назригул Соибова, яке аз ин занҳо мегӯяд, писари 18-солааш дар қатори боздоштшудаҳо аст. Ӯ гуфт, онҳо сокини Душанбеанд ва писараш замоне боздошт шуд, ки ба хонаи бибиаш ба Қалъаи нав рафт: “Ӯ нав намозхониро ёд гирифта буд”.
Хонум Соибова афзуд, дахолати Озода Раҳмон ба қазияи як сарбозро шунида, онҳо низ барои муроҷиат ба ӯ омадаанд ва умедворанд, дархосташон бе посух намемонад. Ӯ гуфт, ду рӯз қабл ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам дар хусуси расидагӣ ба қазияи боздошти писараш муроҷиат кард.
Як сокини дигари Қалъаи нав изҳор дошт, ду писар ва як набераашро, ки ноноварони хона буданд, боздошт кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло бо нафақае, ки мегирад, намедонад чӣ кор кунад: “Ман як кампири нафақахурам, ки 110 сомонӣ нафақа мегирам. Ин барои зиндагӣ намерасад. Акнун аз куҷо пул меёбам, ки зиндагии хонаводаамро пеш мебарам?”
Дар гузашта ин занҳо назди ШВКД-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон омада, дархости мулоқот бо Рамазон Раҳимзодаро карда буданд.
Аввалҳои моҳи март даҳҳо тан аз сокинони рустои Қалъаи нав аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, ба Душанбе мунтақил шуданд. Миёни ин афрод имом-хатиб ва ягона табиби деҳа низ ҳаст. Мақомот онҳоро дар пайравӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ муттаҳам медонанд.