Дар истгоҳи метрои Шёлково низоми шадиди назорат ва тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ гардидааст, беҳтараш як-ду рӯз дар хонаат дам гир». Ин ҳарфҳоро Нуриддин Давлатов, як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки тайи 12 соли ахир дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, зимни сӯҳбати телефонӣ бо хабаргузории «Озодагон» иброз дошт. Ҳамватани мо, ки барои таъмини рӯзгори хонаводаи калонашон аз як ноҳияи кӯҳистони кишвар ба Русияҳиҷрат кардааст, аз мушкилоти се рӯзи ахир дар пойтахти Русия шикоят карда афзуд: «Намедонам, ду сол боз ҳеч мушкилӣ надоштем, аммо ду рӯзи охир «сар» шуд. Ду рӯз боз дар хона шиштам, берун набаромадаам, аз ҳамсояаам, ки сокини Маскав аст, хоҳиш мекунам бароям аз мағоза хӯрокворӣ биёрад. Шояд қазияи лётчикҳо баҳона шуда бошад барои инҳо, намедонам».
Ҳамзамон, расонаҳои мухталиф иттилоъ медиҳанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар гирифтани иҷозаи кор дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Бархе аз ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои тоҷикони муқими Русия ҳам гуфтаанд, ки масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо баҳонаҳои гуногун аз додани муҷавизи кор ба шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Аммо Залина Корнилова, сухангӯи ниҳоди федералии мазкур ин гуфтаҳоро “иғво” хондааст.
Маврид ба ёдоварист, дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди 1-у ним миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ доранд. Пас аз эълони ҳукми ду ҳалабони рус дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вакилони Думаи Русия ва чанд нафар аз роҳбарони ҳукумати Русия иброз доштанд, ки дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукми ҳалабонҳо «аз роҳҳои дигар» кор хоҳанд гирифт.