Пулис муҳоҷирони тоҷикро бо зӯр “шанбегӣ” бурдааст
Шанбеи сипаришуда кормандони Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Юбилейи вилояти Маскав беш аз 20 муҳоҷири кориро бо таҳдид ба “шанбегӣ” бурдаанд.
Торнамои “Новая газета” аз қавли Акмал Урунбоев, як муҳоҷири узбак навиштааст, санадҳои буду боши ҳамаи муҳоҷирон дуруст буд ва онҳоро маҷбур мекарданд, ки назди ШКД-ро тамиз кунанд. “Онҷо узбакҳо, тоҷикҳо ва қирғизҳо буданд. Беш аз 20 нафар. Ҳамаашон дар даст санади қайд ва патент доштанд. Барои ҳамин касе намедонист, ки чаро онҳоро инҷо овардаанд. Чанд тоҷикро дидам, ки саҳни ШКД-ро тамиз мекарданд. Зинапояҳоро ранг мекарданд. Онҳо гуфтанд, маҷбурашон кардаанд, ки танҳо баъди “шанбегӣ” раҳояшон мекунанд”,-гуфтааст Акмал.
Ба гуфтаи ӯ, сержанти пулисе бо номи Сергей назди онҳо омада, ду тоҷикро таҳқиру дашном додааст: “Шумо мисли хукед”,-гуфт ӯ. Ман хоҳиш кардам, ки одамонро таҳқир накун, вай гуфт: “Доноӣ накун, ҳоло навбати ту ҳам мешавад”.
Ин муҳоҷири узбак гуфтааст, зане аз Молдов ҳам буд, ки фаршҳо ва ҳоҷатхонаро тоза мекард: “Ман аз кор кардан даст кашидам. Сергей таҳдид кард, ки агар бихоҳад маро то соати сеи шаб нигоҳ медорад. Аммо моро наздикии соати панҷи шом раҳо карданд”.