Пайвандони Насиба барои пайдо кардани ӯ кумак мехоҳанд
Насиба Искандарова, як духтари 17-сола се ҳафта мешавад, ки бедарак аст.
Илоҳибахш Усмонов, писари холаи Насиба имрӯз, 23 апрел ба “Озодагон” гуфт, ӯ рӯзи 5 апрел аз манзили онҳо, воқеъ дар маҳаллаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ берун шуда, дигар барнагаштааст: “Насиба вақте ҳамагӣ як сол дошт, модараш фавтид ва дар хонаи мо зиндагӣ мекард. Ӯ баъзан номашро Назира ҳам мегуфт”.
Илоҳибахш мегӯяд, духтари холааш дар синфи 9-и мактаби №108, маъруф ба Мавлоно таҳсил мекард: “Вақтҳои ахир вазъи руҳияш хуб набуд. Ба мактаб ҳам намерафтааст”.
Наздикони Насиба мегӯянд, ҷустуҷӯи 18-рӯзаи наздикон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ натиҷае надодааст. Онҳо аз ҳамаи нафароне, ки ӯро дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш доранд ба шумораҳои 550-25-19-94 ё 904-61- 45-70 тамос бигиранд.