Эълони қатъи оби нӯшокӣ дар пойтахт: Захира кунед!
Шаҳрдории Душанбе аз муваққатан қатъ шудани интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаи Айнӣ ва ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хабар медиҳад.
Аз дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” хабар доданд, аз соати 22:00-и рӯзи 28 то соати 8:00-и рӯзи 29 апрели соли равон дар қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур - кӯчаҳои А.Дониш, Н.Муҳаммад бо гузаргоҳҳояш, Адҳамов, Айнӣ (аз меҳмонсаройи “Пойтахт” то кӯчаи А.Дониш), гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Айнӣ, кӯчаҳои М.Собирова ва Деҳлавӣ интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Манбаъ далели ин тасмимро дар пайваст намудани қубури д-300 мм дар ин минтақаҳо унвон кард. Дар зимн, масъулини шаҳрдории пойтахт аз сокинони кӯчаҳои мазкур даъват кардаанд, миқдори лозимии оби нӯшокиро барои 10 соат захира кунанд. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе Саидамир Сиёмарзода- раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Файзуллохон Исупов.- раҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”-ро муваззаф сохтааст, ки сокинони ин маҳаллаҳоро бо оби нушокӣ тавассути мошинҳои обкаш таъмин намоянд.