Вакили парлумони Тоҷикистон: Аз ҳолатҳои қатли муҳоҷирони тоҷик огоҳем...
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳолатҳои куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия огоҳанд ва онҳоро дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ҷаноби Ғаффоров, ки узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳам ҳаст, ба “Озодагон” гуфт, онҳо дар робита ба қазияҳои марбут ба қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Русия дар Душанбе ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат намуда, ҳалли мунсифонаи онҳо ва роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро талаб мекунанд.
Ӯ мегӯяд, медонад, ки бештари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, зиндагии басо мушкил ва сангин доранд. Ин вакили парлумон сабабҳои аслии онро надонистани забони русиву ҳуқуқҳои худ ва урфу одати он кишвар арзёбӣ кард: “Баъзан мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо байни худ низ низоъҳои шадидро ба миён меоранд, ҳар ҷавоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, бояд ҳаматарафа омода бошад”.
Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кард, ки дар кишвар гуруҳҳои махсус ташкил шуда, қабл аз ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандон савияи донишу ахлоқи онро бисанҷад: “Ба онҳое, ки арзанда нестанд, иҷозаи аз марз баромаданро надиҳанд, чунки ҳар муҳоҷире, ки за марзи кишвар мебарояд, дар хориҷи кишвар анъанаҳо ва урфу одатҳои мардуми моро муаррифӣ менамояд”.
Ин вакили парлумон афзуд, бояд ширкатҳое таъсис гардад, ки бо ширкатҳои ҷониби Русия шартнома баста, ҷавононро аз рӯи касбу ихтисосашон дар он кишвар бо кор таъмин намоянд: “Набояд ҳамаи мо рафта, дар он ҷо арбокашӣ кунем”.
Ду ҳафтаи ахир аз Русия хабари марги дасти кам даҳ муҳоҷири тоҷик расид, ки бештари онҳо кушта шудаанд.