Манбаъ афзуд, созмонҳои фавқуззикр оид ба барномаҳои таҳсилии худ маълумот медиҳанд, варақаҳои иттилоотиро пахш мекунанд ва ба саволҳо ҷавоб хоҳанд гуфт. Намоишгоҳи таҳсилотӣ ин имконияти хуб барои пайдо кардани маълумот оид ба таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида, барномаҳои мубодила ва дигар имкониятҳои таҳсили байналхалқӣ мебошад. Намоишгоҳи таҳсилоти рӯзи 14 ноябр дар маркази фарҳангии Бохтар бо суроғаи кӯчаи академик Раҷабов 15, соати 14:00 баргузор мешавад. Иловатан ба намоишгоҳи таҳсилотӣ, як қатор чорабиниҳои таҳсилотии дигар дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Рӯйхати чорабиниҳоро аз ин сайт дастрас карда метавонед: https://dushanbe.usembassy.gov/pa_11092011.html