Озмуни «Суруди сарбоз» ҷамъбаст гардид
Дар чорчӯби баргузории «Даҳ рӯзи ҷавонӣ» дар толори “Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ҷамъбасти озмуни сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ сурат пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур таҳти унвони “Суруди сарбоз” доир гардида, он бо мақсади татбиқи барномаи давлатӣ дар самти тарбияи ватанпарастӣ пешниҳод шудааст. Ба ин озмун, ки аввали соли равон тариқи шабакаи радиоии «Садои Душанбе» миёни ҷавонони эҷодкор эълон гардида буд, беш аз 500 суруд аз манотиқи мухталифи кишвар пешниҳод шуд. Ҳайати ҳакамон аз ин шумора 80 суруди беҳтаринро гулчин намуд, ки матни он дар шакли китоби алоҳида интишор хоҳад шуд. Бо бартарии овозҳо ва хулосаи ҳайати ҳакамон 5 нафар Парвина Тоҷиддинзода, Миҷгона Валиева, Юсуф Абдуллоев, Мафтуна Шарипова, Мунира Алиева ғолибони озмун эълон гардиданд.