Омбудсмен: Тоҷикистон ҷинояткорони замони “СССР” маҳкумшудаашро қабул надорад
Анатолий Сак, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаи Ямали Русия, изҳор доштааст, ки ҷинояткорони махсусан хавфнок, ки ҳанӯз замони шӯравӣ, аввали солҳои 90-ум барои солҳои зиёд равонаи зиндон шуданд, акнун озод шуда истодаанд.
Ба гуфтаи Сак дар Ямал, ки бо зиндонҳои низомашон пурзӯр дар собиқ шӯравӣ маъруф буд, аз ҷумла шаҳрвандони дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ адои ҷазо мекунанд.
Ваколатдор зимни ҳисоботаш ба Маҷлиси қонунгузори Ямал изҳор доштааст, ки собиқ ҷинояткорони хавфнок, ки бо шиносномаҳои шӯравӣ маҳкум шудаанд, акнун ба озодӣ баромадаанд, ё дар садади раҳоиянд: “Бисёре аз онҳо бешаҳрвандиянд, зеро дар даст танҳо шиносномаи замони шӯравиро доранд, ки феълан вуҷуд надорад. Миёни маҳкумшудагони раҳошуда зодагони собиқ кишварҳои шӯравӣ низ зиёданд. Раҳошудаҳо наметавонанд аз Ямал берун раванд, ҷои кор пайдо кунанд”.
Анатолий Сак дар ин робита изҳор доштааст, ки “мо ба консулгариҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳо дархост мефиристем, аммо онҳо аз шаҳрвандони худ даст мекашанд. Мо намедонем, бо онҳо чӣ кор кунем?”.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Ямал мисол овардааст, ки танҳо аз маҳбаси сеюми Харп соли равон 25 маҳкумшуда озод мешаванд: “Мо бояд ҳар чӣ зудтар ҳалли ин мушкилро пайдо кунем”.