Масъули Маркази исломӣ аз қавли Паёмбар: Сохтмони масҷидҳои бузург нишони охири замон аст
Як масъули раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аз қавли Паёмбари Худо – Муҳаммад (с) сохтмони масоҷиди бузургу боҳашаматро нишони охири замон хонд.
Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси ин раёсат имрӯз, 22 апрел аснои мавъизаи қабл аз хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ бо таъкиди ин нукта гуфт, Паёмбари Худо гуфтааст, “масҷидҳо бояд содда сохта шаванд”.
Ӯ дар идома афзуд, баъзан мушоҳида мешавад, ки масҷид аз се ошёна иборат аст, аммо дар вақти намози бомдод ҳамагӣ нуҳ нафар барои адои намоз ҳозир мешавад: “Боз гумон накунанд, ки кормандони Маркази исломӣ гуфтанд, ки масҷидсозӣ манъ аст”.
Ҷаноби Сангалиев ба нуфузи ҳаракату равияҳои гуногун дар Тоҷикистон ҳам дахл карда, аз руҳониён даъват сохт, дар фаҳмонидани ҷавҳари аслии мазҳаби Имоми Аъзам ба мардум фаъол бошанд.