Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз писари Асадулло Ғуломов
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар ноҳияи Ёвон ба раҳбари ширкати “Ғаюр” изҳори сипос намудааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 апрел барои бунёди ин корхона ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ “ба соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов баҳои баланд дода, ба ӯ барору комёбӣ орзу намуд”.
Акбар Ғуломов, писари марҳум Асадулло Ғуломов, ноиби пешини сарвазири Тоҷикистон буда, дар минтақаҳои мухталифи кишвар корхонаҳои бузургро фаъол кардааст.
Манбаъ меафзояд, корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад: “Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ) – ро ташкил медиҳад”.
Сохтмони корхонаи мазкур 12 ноябри соли 2014 бо ҳузури Президент оғоз гардида, 27 майи соли 2015 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкати “Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал”-ро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин корхона санги асоси ду корхонаи дигаро гузоштааст, ки онҳоро ҳамчунин Акбар Ғуломов бунёд мекунад. Яке аз ин корхонаҳо ба истеҳсоли рангҳои эмулсионӣ ва дигарӣ ба тавлиди маҳсулоти гарминигоҳдорӣ нигаронида шудааст: “Соҳибкор уҳдадор шуд, ки корхонаҳоро босифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот то соли 2018 бунёд намояд”.