Таъини додарарӯси Президент ба ҷои Убайдуллоев
Амонулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи августи соли гузашта аз мақоми муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” барканор шуд, акнун ба вазифаи сардори “Шабакаҳои барқи ҷануб”-и кишвар таъин шудааст.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, "Саъдуллоев дар ин мақом Сафаралӣ Убайдуллоевро иваз намуд. Убайдуллоев феълан ба ҳайси муовини Саъдуллоев фаъолият дорад".
Таъини Саъдуллоев ба мақоми бахши “Барқи тоҷик” дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки ӯ моҳи августи соли 2015 бо хоҳиши худ аз мақоми ноиби раиси ин ширкат озод шуда буд. Ӯ аз 1 июли соли 2013 ба ҳайси сардори раёсати фурӯши барқ ва аз моҳи августи соли 2014 ба ҳайси ноиби раиси “Барқи тоҷик” кор кардааст. Аз ин пештар Саъдуллоев раиси корхонаи фаръии “Тоҷикэнергоснаб” буд.