Интиқоди Президент аз сатҳи таълим: Маркази тестӣ дониши воқеиро муайян мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22 апрел аз сатҳу сифати таълим дар макотиби миёнаи кишвар интиқод кардааст.
Тибқи итилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 апрел зимни ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон зикр кардааст: “Соли сеюм аст, ки хатмкунандагони мактабҳои кишвар барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва макотиби олии кишварҳои хориҷӣ тавассути Маркази миллии тестӣ имтиҳон месупоранд”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи ду соли гузашта ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар ҳанӯз ҳам беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ҳоло падару модарон ва даҳҳо ҳазор нафар хатмкунандагони мо бовар ҳосил кардаанд, ки Маркази миллии тестӣ сатҳи воқеии дониши ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад: “Соли гузашта ҳамагӣ 73 ҳазор нафар хатмкунандагон дар нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Тибқи маълумот имсол то ҳамин рӯз беш аз 80 ҳазор нафар довталабон ба қайд гирифта шудаанд. Имкон дорад, ки ин шумора дар чанд рӯзи боқимонда то 83-84 ҳазор расад. Рақамҳои зикршуда далели равшани торафт зиёд шудани талабот ба таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки албатта, хуб аст”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба падару модарон таъкид намудааст, ки барои таълиму тарбияи фарзандони худ аз хурдсолии онҳо ҳеч чизро дареғ надоранд: “Ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ ба ояндаи ободу осудаи худи фарзандон ва волидайн, пешрафти ҷомеа ва ободии давлат мебошад”.