Муовини собиқи раиси Бонки Марказии Аврупо Лукас Пападемос имкон дорад, ки ба ҳайси нахуствазири Юнон интихоб шавад.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, баъд аз музокироти чоррӯза ва ба бӯҳрони шадидтар печидани иқтисоди Юнон, сарварони аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ ба ин мувофиқа расиданд. Ҳукумати муваққатӣ ба раҳбарии Лукас Пападемос бояд барномаи наҷоти молии Юнон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пулро амалӣ кунад. Бар асоси ин барнома, Юнон дар ивази ислоҳоти мушкили иқтисодӣ 130 миллиард евро кӯмак хоҳад гирифт. Дар нахустин баёния Лукас Пападемос гуфт, узвияти Юнон дар ҳавзаи евро замонати суботи молӣ аст. Дар сурати дарёфт накардани кӯмаки молӣ то чанд ҳафтаи дигар, Юнон варшикаста мешуд ва бояд ҳавзаи евроро ҳам тарк мекард. Ёдрас менамоем, Лукас Пападемос дар мақоми нахуствазирӣ Ҷорҷ Папандреуи сотсиалистро иваз хоҳад кард.