Э.Раҳмон мактаби бунёдкардаи Ҷӯрахоновро ба истифода дод
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон аз ифтитоҳи мактаби 17 миллионӣ дар деҳаи Даҳана оғоз гардид, ки аз ҷониби соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахонов бунёд шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мактаби нав бо 640 ҷойи нишаст дар як баст бо харҷи 17 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми Ҷӯрахонов ситоиш карда, онро намунаи ибрат хондаст. Дар пайи ситоиши Эмомалӣ Раҳмон, Баҳриддин Ҷурахонов изҳори ният кардааст, ки аз ҳисоби даромади корхонаҳои худ дар ноҳия боз як мактаби наву замонавӣ бунёд намояд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи мактаб изҳори итминон кардааст, ки “ҳар касе дар бунёди мактаб саҳм мегузорад, муассисаи тандурустӣ месозад, қитъаи роҳеро таъмир мекунад ё ба деҳае об мебарорад, иқдоми хайру савоби ӯ дар хотири мардум абадӣ боқӣ мемонад”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин иттилоъ додааст, ки ммрӯз ғайр аз мактабе, ки мо ифтитоҳ кардем, дар деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти Нав муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии №66 барои 300 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад: “Илова бар ин, то ҷашни 25-солагии истиқлолият дар деҳаи Заркамари деҳоти Даҳана муассисаи таҳсилоти умумии №13 барои 300 ҷойи нишаст, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, ба фаъолият оғоз мекунад. Ҳамзамон бо ин, дар деҳаи Зулмободи деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 иборат аз 16 синфхона барои 380 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ идома дошта, то соли 2017 ба истифода супорида мешавад”.