Нигина баъди ҷанҷол бо ҳамзисташ худро назди ҷойи кори ӯ оташ задааст
Як зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо истифода аз бензин худро дар Душанбе оташ задааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса соати 18:50-и шоми дирӯз, 21 апрел дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Манбаъ, далели худсӯзии Нигина Маҳмадалиеваи 30-соларо “рашк” ва “ҷангу ҷанҷол” бо ҳамзисташ Мансур Сафарзода, як сокини 38-солаи шаҳри Душанбе гуфтааст. ВУД мегӯяд, Нигина худро дар наздикии ҷойи кори ҳамзисташ оташ задааст: “Кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳодисаи мазкур огоҳ шуда, фавран ба ҷойи ҳодиса омада, дар якҷоягӣ бо шаҳрвандон Маҳмадалиева Нигинаро аз марг наҷот доданд”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ин зан бо ҷароҳатҳои қисман сӯхтаи бадан дар Беморхонаи №3 бистарӣ гардида, саломатиаш мӯътадил ва ба ҳаёташ хатар таҳдид намекунад.