Ҳалокати Қиёмиддини 19-сола ҳангоми фирор аз “облава”
Як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод шоми 19-уми апрел ҳангоми фирор аз “облава” дар шаҳри Роғун худро ба дарё андохтааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” марҳум Шарифов Қиёмуддин, сокини 19-солаи деҳаи Алигалабон, ҳангоми фирор аз “облава” тақрибан соати 17:00-и 19-уми апрел дар мавзеи деҳаи Луғуроби шаҳри Роғун худро ба дарёи Вахш андохта, ғарқ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки феълан кофтукоби ҷасади Шарифов Қиёмиддин идома дорад.
“Облава” усули ғайриқонунии ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҳаст, ки бо вуҷуди супоришҳои чандинкаратаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бартараф нашудааст.