Ҳушдори фиристодаи Путин аз ҳамлаи ДИИШ ба Осиёи Марказӣ
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон теъдоди ҷангиёни ДИИШ дар ин кишвари ҷангзадаро беш аз 10 ҳазор нафар арзёбӣ кардааст.
Кобулов, ки инчунин раҳбари департаменти Осиёи Вазорати умури хориҷии Русия мебошад, зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, соли гузашта ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон ҳудуди 100 нафар буданд: “Аммо давоми як сол теъдодашон ба 10 ҳазор нафар расид, ки чунин суръати афзоиш хатари ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мебошад. Қаноти афғонистонии “ДИИШ”-ро яқинан барои фаъолияти экстремистию террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва Русия омода карда истодаанд. Ҳатто баъзан забони кории онҳо, забони русӣ мебошад”.
Кобулов афзудааст, ки агар Толибон се шароити мусолиҳаи миллиро иҷро намоянд, Русия ҳеч далеле барои террористӣ хондани онҳоро намебинад: “Албатта инро бояд ҳукумати Афғонистон ва СММ тасдиқ кунад”.
Дар маҷмуъ фиристодаи Путин вазъ дар Афғонистонро бисёр печида хонда, афзудааст, ки дар ин кишвар ҳукумат ва артиши уҳдабаро мавҷуд нест: “Дар Афғонистон буҳрони сартосарӣ ҳукмфармост, ки ба давлатдории он таҳдид мекунад”.
Ӯ зарур хондаст, ки барои баровардани Афғонистон аз ин вазъ тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама кишварҳое, ки тайи 13 сол артишашонро дар Афғонистон нигоҳ доштанду ваъдаҳои зиёд доданд, бояд талош кунанд.