Алберто Дзаккерони, сармураббии дастаи мунтахаби Ҷопон аснои посух ба суоли хабарнигорон гуфт: «Тими миллии футболи Тоҷикистон имкони бо дастаҳои пурқувват бозӣ карданро пайдо намуд, албатта ин ба нафъи тамоми футболи тоҷик аст. Мо ба ин бозӣ, ки дар таърихи 11-уми ноябр баргузор мешавад, дар Қатар омодагӣ дидем. Он ҷо ҳаво гарм буд, вале дар Душанбе ҳаво сард аст. Мо ҳоло намедонем, ки вазъи майдони бозӣ чӣ гуна аст. Баъди ин нишаст мо ба Варзишгоҳи марказии Душанбе меравем. Дар назди дастаи мо танҳо як вазифа гузошта шудааст, ки ин роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқот мебошад .
Маврид ба тазаккур аст, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё 11-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими миллии Ҷопон бозӣ мекунад. Ин бозии даври чоруми гурӯҳи “С” соати 14 оғоз меёбад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбакистон ва Кореяи Шимолӣ фардо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд соати 18 сурат мепазирад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Ӯзбакистон бо ҳисоби 0:1, дар ду бозии баъдӣ дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 ва Ҷопон бо ҳисоби калони 0:8 мағлуб гашта буд. Ҳоло дар гурӯҳи "С" Ҷопону Ӯзбакистон 7-холӣ ва Кореяи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.