Бонки Миллӣ "%"-и миёнаи қарзҳо ба мардумро 20-24 гуфт
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввал иттилоъ додаст, ки ҳаҷми қарзҳои бонкӣ дар дасти мардуму корхонаҳо 11 миллиарду 10,1 миллион сомониро ташкил намудааст.
Тибқи иттилоияи Бонки Миллӣ ин нишондод, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд мебошад.
Ин ниҳод афзудааст, ки аз бақияи умумии қарзҳо 4 миллиарду 742,5 миллион сомонӣ, ё 43, 1 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 миллиарду 267,6 миллион сомонӣ, ё 56,9 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
Ба ҳисоби Бонки Миллӣ дар семоҳаи аввал фоизи миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ 24,65% ва бо асъори хориҷӣ ба 20,44%-и солона баробар шудаанд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ин давра 1 миллиарду 159,5 миллион сомониро ташкил додаст, ки аз ин ҳисоб 199,8 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон рост меояд.