Шуқурҷон Зуҳуров: Тоҷикону эрониён кишварҳои ҳамдигарро хонаи дуввуми худ мешуморанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 20 апрел дар шаҳри Маскав аснои мулоқот бо доктор Алии Лориҷонӣ, ҳамтои эронии худ хостори рушди ҳамкориҳо миёни Душанбеву Теҳрон шудааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, Зуҳуров дар суҳбат бо Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон изҳор дошт, ки аҷдоди мардуми тоҷику эронӣ дар бунёдгузории фарҳангу тамаддунҳои куҳани башарӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Ба қавли ӯ, агарчи Тоҷикистону Эронро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ бахшидааст, аммо танҳо дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳамкориҳои тамоми бахшҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни ин ду кишвар фароҳам омад. Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кардааст, ки имрӯз тоҷикону эрониён ҳар яке кишварҳои ҳамдигарро ватан ва хонаи дуввуми худ мешуморанд ва бузургоне чун устод Рӯдакиву Мавлавии Балхӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ҳаким Умари Хайёму Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва дигар саромадон ҳамчун бузургони адабиёти ҳар ду кишвар муаррифӣ мегарданд.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома таъкид кардааст, ки мардуми Тоҷикистон ёриву дастгирии эрониёнро дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромӯш нахоҳанд кард. Ӯ гуфта, ки ҳаҷми умумии савдои хориҷии Эрон ва Тоҷикистон солҳои охир афзоиш ёфта, ҳоло миёни ду кишвар 160 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, 50 корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ибрози қаноатмандӣ таъкид намудааст, ки мардуми тоҷик дар ҳассостарин ва душвортарин лаҳзаҳо аз кумак ва дастгириҳои Эрон бархӯрдор буд ва имрӯз низ шоҳиди идомаи иқдомоти неки ин кишвари бародар аст: “Дастовардҳои бародарони эронӣ дар тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар боиси сарфарозии мардуми тоҷик мебошад. Танҳо равобити воқеан дӯстонаву самимона ва дипломатияи солим метавонад мавқеи моро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд. Қобили тазаккур аст, бигӯем, ки саҳми мо дар тамаддуни ҷаҳони муосир ҷилои собиқаашро аз даст надодааст. Имрӯз дар садаи бисту якум мардумони эронинажод дар назди дастовардҳои бузурги ниёгонашон дар тамаддуни ҷаҳонӣ масъулияти гароне ба дӯш доранд. Ин рисолатро мо метавонем муштаракан амалӣ намоем. Мо масоили марбут ба забони ягона, фарҳанг ва адабиёти ягонаро дар муносибатҳои хеш бояд бештар рӯи кор оварем. Итминони комил дорем, ки ин гуна падидаҳои муҳими фарҳангӣ баҳри таҳкими робитаҳои мо, ҳамкориҳои мусбати самарабахш ва шинохти комёбиҳои эҷодӣ, таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Эрон мусоидати комил менамоянд”.
Шукурҷон Зуҳров изҳори умед карда, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда тақвият меёбанд. “Итиминони комил дорам, ки шумо ҷиҳати дар оянда ҳам ҷиҳати бештар густариш ёфтани равобити ҳамаҷониба миёни кишварҳоямон хидматҳои арзишманде хоҳед кард”,-таъкид кардааст вай.
Алии Лориҷонӣ низ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин аҳдофи мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров арзёбӣ намуда, гуфтааст, мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ байни ду миллати бародари тоҷику эронӣ барои таҳкими чунин ҳамкориҳо заминаи фаровонро фароҳам меорад. Алии Лориҷонӣ изҳор доштааст, бояд байни кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон ҳамкориҳои ҳасана ба роҳ монда шавад, зеро фаъолияти асосии парлумонҳо дар асоси кори ҳамин кумитаҳо анҷом мегирад.