Нашри китоби нави А.Раҳнамо-“Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат”
Нашриёти «Ирфон» китоби нави сиёсатшинос Абдуллоҳ Раҳнамо, зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат»-ро аз чоп баровардааст.
Тибқи иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” дар сарсухани китоби нави Абдуллоҳ Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент аз ҷумла омадааст: “Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт”.
Манбаъ мегӯяд, дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат» навиштаҳои таҳқиқотии Абдуллоҳи Раҳнамо дар ду фасл: «Ташаккули шахсияти Пешвои миллат: пажӯҳише дар дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон» ва «Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди давлатдории миллӣ: баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ва назариявии мавзӯъ» гирд оварда шудаанд.