Масъули ФФТ: Танаффус дар футбол ғайриимкон аст, мо миллати футболием! (САДО)
Як масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар вокуниш ба пешниҳоди хабарнигори “Озодагон” дар мавриди эълони танаффуси 7-сола дар футболи тоҷик, онро ғайриимкон хондааст.
Нуралӣ Хоркашов, намояндаи ФФТ иддао дорад, дар замони имрӯз, ки футбол дар ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, эълони танаффус дар фаъолияти тими миллӣ ғайриимкон аст ва ҳатман бояд ба пеш ҳаракат намуд. Ӯ дар як суҳбат тавассути радиои “Имрӯз” тоҷиконро миллати футболӣ тавсиф кардааст: “Аз ҳама мухлисони футболи кишвар хоҳиш мекнам, сабур бошанд. Мо миллати футболием, мо дар роҳи дуруст қарор дорем ва ҳатман ба мақсадҳои ниҳойии худ мерасем”.
Оқои Хоркашев гуфтааст, пешниҳоди танаффус дар футболи тоҷик баъди озурдагӣ аз бохтҳои пай дар пайи тими миллӣ дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 навишта шудааст: “Мухлисон мехоҳанд, ки танҳо ғалабаи дастаро бинанд. Аммо мухлиси асил ҳеч гоҳ чунин андешаро наменависад. Мухлис бояд ҳам дар бурд ва ҳам дар бохт паҳлӯи даста бошад”.
Ин намояндаи ФФТ дар идома таъкид намуда, ки набояд футболбозонро зиёд танқид кард: “Онҳо дар доираи имконияти худ ва маҳорате, ки доранд, ҳунарнамоӣ мекунанд. Сатҳи имрӯзаи футболи мо дар ҳамин поя қарор дорад. Аз ҷониби ФФТ ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи бозигарӣ ва сатҳи футбол чораҳои мушаххас андешида мешавад”.