Қиссаи ошиқии Шамшод бо духтари 17-сола: Маҳбас ба ҷои “ЗАГС”
Додгоҳи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Шамшод Шералиев, сокини 23-солаи ин ноҳияро дар робитаи шаҳвонӣ бо духтари 17-сола гунаҳкор дониста, ба 2 соли зиндон маҳкум кардааст.
Наздикони Шамшод Шералиев имрӯз, 19 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки фарзанди онҳо бо он духтар барвақт ошноӣ дошт ва ҳатто охири моҳи декабри соли гузашта ӯ барои чанд рӯз дар хонаи дӯстдоштааш зиндагӣ кардааст. Бахтиёр Юсупов, сокини колхози Кирови ноҳияи Ҳамадонӣ, бародари Шамшод ба “Озодагон” гуфт, “ин духтар 3-4 рӯз ҳамроҳи додар ва модарам дар хонаи мо мондааст”.
Тоҷинисо Эмомназарова, сокини деҳаи Бешкапаи ноҳияи Ҳамадонӣ, модари арӯсшавандаи Шамшод, ба “Озодагон” гуфт, бехабар аз қиссаи ошиқии духтараш, баъди бедарак шудани вай ба мақомоти милиса муроҷиат кард: “Аслан мо даъвогар нестем, танҳо ман ба милиса муроҷиат кардам, ки духтарамро пайдо кунанд, вале инҳо корро то прокуратура бурданд”.
Ба гуфтаи хонум Тоҷинисо, духтараш тавассути телефон бо Шамшод шинос шудааст: “Ман хонаводаи Шамшодро намешинохтам. Ҳеч даъвое ҳам надорам, зеро духтарам худаш ба хонаашон рафтааст ва робитаҳояшон низ бо розигии тарафайн сурат гирифтааст”.
Бахтиёр Юсупов, бародари Шамшод дар шарҳи ин қазия гуфт, “баъди он ки фаҳмидем, духтар ҳанӯз 18-сола нашудааст, мо ба хонаводаи духтар гуфтем, ки синну соли духтар пурра шавад, баъдан ӯро туй мекунем. Дар ҷамоати деҳот ба фаҳмонданд, ки тибқи қонун иҷозат нест, ки то сини 18 сола оила барпо кунанд. Пас аз ин духтарро ба хонаи падараш равон карда, машварат доданд, ки ба модари духтар 3 ҳазор сомонӣ қалинг диҳед ва баъди чанд моҳ никоҳ карда метавонед”.
Мусоҳибони “Озодагон” афзуданд, ки пас аз ин қазия Шамшод барои кор ва таъминоти тӯй ба Душанбе омад: “Баъди чанде Шамшодро даъват намуданд, ки тӯй баргузор мешавад, вале ба ҷои тӯй ӯро боздошт карда, ба ду соли зиндон маҳкум намуданд”.
Наздикони ҳар ду навҷавон изҳор медоранд, ки аз ин ҳукми додгоҳ норозиянд ва ба наздикӣ аз болои он ба марҳилаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.