Ҷаримаи донишҷӯи тоҷики муттаҳам дар дастдарозӣ ба роҳбаладаш дар Амрико
Фазлиддин Шарипов, як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи иёлоти Монтанаи Амрико, ки дар дастдарозӣ ба роҳбаладаш дар ин муассиса айбдор мешуд, ба пардохти 410 доллар давоми 12 моҳи оянда муваззаф шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Монтана, Шарипов инчунин муваззаф шудааст, ки 50 доллар ҳаққи таҳқиқи қазияро пардохт кунад ва бояд ба духтари даъвогар аз 152 метр ё 500 фут наздиктар нашавад.
Донишҷӯи тоҷик ба ин қарор, ки 23 март содир гардидааст, розӣ шудааст. Мат Стевенсон, вакили дифои Фазлиддин Шарипов изҳор доштааст, ки розигии зерҳимояаш бо ин қарор маънои гунаҳкор будани ӯро надорад: “Зерҳимояам ҳеч гоҳ худро гунаҳкор эътироф накард ва ҳангоми бозрасӣ аз 5 нуктаи айбдорӣ 4 ададаш лағв гардиданд”.
Инчунин шиносномаи Шарипов ба ӯ баргардонда шуда, дар сафарҳоя ҳеч маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.
Қаблан Шарипов бо ирсоли як иттилоия унвонии “Озодагон” гуфт, айбе, ки дар Амрико алайҳаш эълон шудааст, туҳмати маҳз аст: “Ман шукронаи Аллоҳ дар озодӣ ҳастам ва дарс мехонам. Ин айбе, ки нисбатам эълон кардаанд, ҳақиқат надорад ва дар ғарибӣ маро туҳмат кардаанд. Ман ба ин ҷо ба хотири илмгирӣ омадаам, на ба хотири даст задан ба корҳои ҳаром. Хоҳиш мекунам, дар ҳаққи ман дуо кунед. Иншооллоҳ ба Ватани азиз баргашта содиқона хизмат мекунем”.
Расонаҳои амрикоӣ моҳи сентябри соли 2015 аз қавли пулиси шаҳри Мисулаи иёлоти Монтанаи Амрико иттилоъ пахш карданд, ки Фазлиддин Шарипов, як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Монтана дар озори ҷинсӣ муттаҳам мешавад: “Парванда алайҳи Шарипов 10 сентябр, бо даъвои як донишҷӯдухтари донишгоҳи Монтана боз шудааст, ки иддао дорад, Шарипов пеш аз зуҳри 28 август ба ӯ дастдарозӣ кардааст”.
Он вақт мақомоти Монтана эълон карда буданд, ки шиносномаи Шарипови 27- сола ба хотири ҷилавгирӣ аз фирораш аз Амрико мусодира шудааст. Маъмурини интизомии шаҳри Мисулла таъкид карда буданд, ки дар сурати исботи гуноҳи Шарипов ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.