Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон аз теъдоди умумии 25 шаҳру навоҳии тобеи вилоят 15 ноҳия аз иҷрои пурраи чорабиниҳои даъватӣ гузориш доданд ва дар худи вилоят бошад, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 92%-ро ташкил медиҳад. Дар вилояти МКБ аз шумораи умумии 8 навоҳӣ аллакай 6 минтақа аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд ва дар вилоят иҷрои нақшаи даъват 96,6 фисадро ташкил медиҳад. Дар комисариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 77,3 %-ро дар бар гирифта, дар ин минтақа ноҳияи Тавилдара ва шаҳри Роғун нақшаи даъвати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намудаанд. Дар 4 ноҳияи пойтахт бошад ҷараёни чорабиниҳои даъватӣ 72,7 дар садро ташкил медиҳад. Манбаъ афзуд, ки аз оғоз то имрӯз дар давоми 39 рӯзи ҷараёни даъвати ҳарбӣ иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 84 %-ро ташкил медиҳад.