Ҳамдардии амиқи Эмомалӣ Раҳмон аз заминларзаҳои Ҷопон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар номае унвонии Синдзё Абэ, сарвазири Ҷопон аз ҳалокати одамон дар пайи заминларзаҳои ахир дар он кишвар изҳори таслият кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар номаи оқои Раҳмон аз ҷумла гуфта мешавад: “Хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андуҳи бузург дарёфтам”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома иброз доштааст, ки “дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Япония сангин ҳамдардии амиқи инҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.
Дар пайи силсилаи заминларзаҳо дар Ҷопон даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, мақомот ҳудуди 250 ҳазор нафарро ба ҷойҳои амн кӯч додаанд.