Сокини 30-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷайҳун ғарқ шудааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии як сокини 30-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар медиҳад.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод имрӯз, 18 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Мирзораҳим Маллаев, истиқоматкунандаи ҷамоати Каленини ин ноҳия соати 14:45 дақиқаи рӯзи гузашта ҳангоми аз болои купруки канали Ҷайҳун гузаштан ба об меафтад: “Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамроҳ бо аҳолӣ ба ҷустуҷӯи ҷасади Маллаев машғуланд”.