Ба қавли ташкилкунандагони анҷуман дар чорабинии мазкур 160 нафар мутахассисони ҷавони технологияҳои иттилоотӣ ва интернети мобилӣ, дизайнерҳо, созмондиҳандагони сомонаҳо, устодони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, иқтисодчиён, журналистон аз Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Интизор меравад, ки дар форуми имсола иштирокчиён лоиҳаҳои худро муаррифӣ карда, мастер-классҳо оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф, молия, соҳибкорӣ, журналистика, идора ва хизматрасонии электронӣ, ҳамчунин ҳалли масоили иҷтимоӣ мегузаронанд.
Навоварии форуми мазкур доир намудани конфронсҳоӣ видеоӣ бо коршиносони хориҷӣ аз Ҳиндустон, Афғонистон, Русия, Италия ва ИМА мебошад, ки дар бораи таҷрибаи худ ва комёбиҳо оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар рушди кишварҳояшон нақл мекунанд. Ҳамчунин бори аввал дар Анҷумани «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» муаррифии онлайнии модули таълимии UN APCICT "Силсилаи дастурҳо барои ҷавонон оид ба ТИК баҳри рушд» баргузор мегардад, ки муаллифаш профессор Уша Рани Виасулу Редди аз Ҳиндустон мебошад.
Анҷуман дар ҳамшарикии филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе, ширкати Вавилон-Т, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон- асри XXI», ҶММ «Промоушн», Ширкати Dr. Web ва Филиали «Интернюс Нетуорк Инк” дар Тоҷикистон баргузор мегардад.