Эълони музоядаи амволи Занҷонӣ дар дохил ва хориҷи Эрон
Эрон амволи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронии маҳкумшуда ба эъдомро дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия ба музояда гузоштааст.
Бар иловаи гуфтаи боло, Асғар Ҳиндӣ, мушовири вазири нафт дар умури ҳуқуқи байналмилалии Эрон инчунин аз эълони дубораи музоядаи фурӯши амволи Бобак Занҷонӣ дар дохили кишвар хабар додааст. Аммо, ин мақоми вазорати нафти Эрон таъкид кардааст: “Мо тарҷеҳ медиҳем, амволи Занҷониро ба ӯ баргардонем ва дар ивази он кулли пулро дарёфт кунем. Зеро ин амвол ба ҷуз дарди сар чизе нест”.
Бо ин ҳол, мушовири вазири нафт таъкид кардааст, ки “бештари моли Занҷонӣ дар Туркия ва Тоҷикистон аст, ки дар ихтиёри мо нест”.
Бобак Занҷонӣ барои аз худ кардани 2.6 миллиард еврои ширкати миллии нафти Эрон гунаҳкор дониста шуда, шӯъбаи 15-уми Додгоҳи инқилоб пас аз 26 ҷаласаи расидагӣ бар ин парванда барои Занҷонӣ ва ду мутаҳҳами дигар ҳукми эъдом ва ҷазои нақдӣ содир кардааст. Ин тоҷири эронӣ аз сармоягузорони ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон дониста мешавад.