Ба гулӯи муҳоҷири тоҷик, ки ҳақмуздашро талаб кард, сирко рехтаанд
Саломатии як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия афроди номаълум ба гулӯяш маҳлули сирко (уксус) ва аммиак рехтаанд, вахим арзёбӣ мешавад.
Бино ба иттилои Каромат Шарипов, раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия”, табибон шонси зинда мондани Асрор Усмонзодаро аз сад як гуфтаанд.
Асрори 23-сола 7 апрел барои гирифтани маоши соли гузаштааш назди роҳбари ширкати “АкСтройКапитал”, шаҳрванди Доғистон меравад. Шаби 8 апрел, тақрибан соати 2-и шаб чанд нафар ба манзиле, ки ӯ зиндагӣ мекард, ворид шуда, ба гулӯяш маҳлуле, ки аз сирко ва аммиак омода шуда буд, мерезанд. Ба иттилои Шарипов, субҳи 9 апрел Асрор ба кӯча мебарояд ва зани ҳамсоя, аҳволи ӯро дида, ёрии таъҷилӣ даъват мекунад: “Ҳоло тағои Асрор дар беморхона ӯро муроқибат мекунад. Ӯ ба мо занг зада хоҳиш кард, ки аз ин ҳодиса Сафорати Тоҷикистон дар Русияро огоҳ намоем”.
Раҳбари раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” муътақид аст, ки ин кор бо амри раҳбари ширкати “АкСтройКапитал” ба манзури гурез аз пардохти қарзаш сурат гирифтааст. Каромат Шарипов мегӯяд, ба ҷуз Асрор 19 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ширкати “АкСтройКапитал”, ки ба Ҳайдар Заурови доғистонӣ мутаалиқ аст, кор мекунанд ва якуним сол аст, ҳақмузди худро нагирифтаанд.