Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони интизомӣ шаҳрванд Б.М, сокини 45-солаи ноҳияи Нуробод, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Чкаловск дастгир карда шудааст.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, номбурда дар назди мағозаи «Принс» ба харидори шартӣ як адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 9-адад бастаҳои бо маводи ҷигарранги фишурдашудаи бӯйи махсус доштаро додааст. Ташхис муайн кард, ки маводи мазкур навъи ҳашиш буда, вазни хоси он 5 кг-ро дар бар мегирад. Ин шаҳрванд ду дафъаи дигар низ, рӯзҳои 26-уми октябр ва 3-юми ноябр ба харидорони шартӣ маводи мухаддир пешниҳод карда, аз натиҷаи кораш қаноатманд буд.
Манбаъ афзуд, вазни умумии маводи гирифташуда аз Б.М 38 кг. 714гр-ро ташкил намудааст. «Оиди ин ҳодиса паравандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.