АКС: Намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Душанбе
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон ба кори худ шурӯъ кард.
Дар ин намоишгоҳ, ки то 24 апрел идома мекунад, ширкатҳои ҳиндустонӣ наздики 100 навъи молу колояшонро пешниҳод кардаанд. Масъулини намоишгоҳ мегӯянд, арзиши тамоми маҳсулот дар қиёс ба нархи бозор 15 дарсад арзонтар аст. Васим Хан, як масъули ширкати “N.I product” ба “Озодагон” гуфт, ширкати онҳо ба тавлиди ашёи ошхона машғул буда, 31 сол инҷониб маҳсулоти худро ба бозорҳои бештари кишварҳои ҷаҳон ироа мекунад. Ба қавли ӯ, сеюмин маротиба аст, ки дар намоишгоҳи Тоҷикистон иштирок мекунад: “Имсол мардум маҳсулоти моро кам харидорӣ мекунанд. Моҳи октябри соли 2015 омада будем, он вақт савдо хуб буд”.
Хабарнигори “Озодагон” аз ин намоишгоҳ дидан кард ва чанд аксе ҳам бо худ овард, ки пешниҳоди корбарони сомона мешавад.