Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Ба минтақаҳои хавфнок наравед!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар чанд рӯзи оянда аз сафар ба мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, аз 17 то 23 апрели соли равон ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор гардида, резиши борону жола, ба амал омадани раъду барқ, хатари селу баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва сангрезу ярч дар назар аст: “Аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз рӯи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд”.
Акс аз бойгонӣ