Боздошти Саидов бо 30 ҳазор $ ва ҳушдори Хадамоти гумрук
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти Саидов.А.Х, мусофири хатсайри Душанбе-Урумчӣ хабар додаст, ки дар қасди интиқоли ғайриқонунии 30 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук 30 ҳазор доллари Саидов ҳангоми санҷиши такрорӣ аз ҷониби кормандони гумруки «Майдони ҳавоӣ» ва Прокуратураи нақлиётии кишвар аз кисаи ин мусофири хатсайри Душанбе-Урумчӣ дарёфт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон бо моддаи 289, қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Хадамоти гумрук таъкид мекунад, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон интиқоли асъори хориҷӣ то 3 ҳазор доллар иҷозат дода мешавад ва барои интиқоли асъори аз ин бештар ба хориҷ мусофирон бояд онро аз қайди гумрукӣ (декларация) гузаронанд: “Бояд мақсади берун бурдани пул мушаххас гуфта шавад. Ин талабот барои шаҳрвандони хориҷӣ низ дар назар дошта шудааст ва онҳо низ ҳангоми кору фаъолият дар Тоҷикистон ин тартиботро бояд риоя кунанд”.
Ифтитоҳи парванда аз рӯи моддаи 289 қисми 2 дар ҳолест, ки ин бахши Кодекси ҷиноӣ чунин муқаррар кардааст: Аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир, заҳролуд, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё муҳимоти ҳарбӣ, силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин маводи ашёи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси гузаронидан аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бо истифодаи фиребгаронаи ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ё бо декларация накардан ё декларациякунонии сохта содир шуда бошад,- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.