ВКД: Боздошти 2 нафар бо маводи радиоактивӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи кимиёвии симоб муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, муттаҳамон марди 63-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе рӯзи 15 апрел дар пойтахт боздошт шуданд.
Манбаъ афзуд, зимни кофтукоби шахсӣ аз сокини шаҳри Ваҳдат 4 килою 910 грамм ва аз сокини пойтахт 1 килою 12 грамм металли моеъи симоб дарёфт ва мусодира гардид: “Озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ тасдиқ намуди маводи мусодирашуда - 5 килою 922 грамм симоб мебошад”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд,феълан нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 193-и Кодекси ҷиноӣ -муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.