Вируси шаҳвонӣ дар бахши тоҷикистонии Фейсбук
Корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон аз зуҳури вируси шаҳвонӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ хабар доданд, ки мунҷар ба шикасти саҳифаҳои шахсӣ мегардад.
Бархе аз корбарони Фейсбук дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки вируси шаҳвонӣ дар шакли паёмаки шахсӣ аз дӯстони фейсбукӣ ворид мегардад: “Паёмак дар шакли пайванди видеоӣ ворид мегардад. Агар корбар ба ин пайванд зер кунад саҳифаи шахсияш шикаста хоҳад шуд ва ӯ идораи саҳифаашро аз даст хоҳад дод. Дар натиҷа аз саҳифаи ӯ ба суроғаи дӯстони дигараш вирус равон мегардад”.
Корбарони ҷабрдидаи фейсбук мегӯянд, дар пайванди видеоие, ки мунҷар ба шикасти саҳифаашон шудааст, ҳеч нишоне аз шаҳвонӣ будани он нест: “Ин танҳо баъди зер кардани пайванд маълум мешавад, ки он гоҳ дер хоҳад буд”. Аз корбарони фейсбук дар Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки аз зер кардани пайвандҳои шубҳаовари видеоӣ, ки аз номи дӯстон ба саҳифаи шахсияшон ворид мегарданд, худдорӣ намоянд.
Чунин як вирус соли 2014 низ бисёре саҳифаҳои корбарони фейсбукро дар кишварҳои ИДМ фаро гирифт. Он гоҳ маъмурияти Фейсбук ба корбарони шабакаи иҷтимоӣ маслиҳат дод, ки нармафзори Google Chrome ва YouTurn-ро лағв кунанд. Барои ин бояд ба бахши “настройки” ворид шаванд ва аз зерменюи «Дополнительные настройки» менюи «Расширения» ва “удалить расширение”-ро интихоб кунанд.