Куштор барои харбуза: Маҳкумияти Ҷурабек Муродов ва гуруҳи ҷиноии ӯ
Суди Олии Тоҷикистон гуруҳи 6 нафариро, ки ҳангоми истироҳат дар лаби дарёи Кофарниҳон барои харбуза як истироҳаткунандаи дигарро дар ҳамсоягияшон куштаанд, аз 2 то 24 сол равонаи зиндон кард.
Тибқи иттилоияи додситонии кулли Тоҷикистон гуруҳи шашнафарӣ - Софаев Комил, Азизгиев Давлатёр, Шомуддинов Алишер, Муҳабатов Ҷамшед, Файзуллаев Шавкатилло бо мошини “Опел-Зефира”-и Ҷурабек Муродов шоми 13-уми июли соли гузашта дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат барои истироҳат ба соҳили дарёи Кофарниҳон рафтаанд: “Ҳангоми оббозӣ нӯшокиҳои спиртӣ ва воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро истеъмол менамоянд ва дар ниҳоят ба қатли шаҳрванд Надиров Саидатор даст мезананд, ки дар масофаи 40 метр дуртар аз ин гуруҳ истироҳат доштааст”.
Манбаъ афзуд, ки ин гуруҳ бо роҳбарии Ҷурабек Муродов марҳумро барои харбуза куштаанд: “Муродов Ҷурабек дар ҳолати сархушӣ аз шарикаш Азизгиев Давлатёр талаб намудааст, ки рафта аз Надиров Саидатор барои ӯ харбуза биёрад. Надиров Саидатор як қисми харбузаашро ба ин гуруҳи ҷавонон додааст. Баъди чанде Муродов бори дигар Софаев Комилро барои харбуза равон кардааст. Софаев назди Надиров рафта, суҳбат кардааст, аммо харбузаро талаб накарда баргаштаст”.
Додситоннии кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъди он, ки Ҷурабек Муродов дид, Софаев бе харбуза баргашт, бохашм назди Надиров рафта, муноқиша кардааст: “Дар пайи муноқиша Муродов бо ресмони синтетикӣ Надировро буғӣ кардааст. Азизгиев Давлатёр ва Софаев Комил бо талаби Муродов барои муқобилият нишон надодани Надиров пой ва зонуҳои ҷабрдидаро доштаанд”.
Дар пайи куштор ин гуруҳи сенафарӣ се шарики дигарашонро назди худ даъват карда, барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасади Надировро аз назди соҳили дарёи Кофарниҳон тахминан 35 метр дуртар бурда, дар дохили чуқурие бо истифода аз коғаз ва сӯзишвории “бензин” оташ задаанд.
Додситонии кул мегӯяд, ин қазия дар пайи таҳқиқот ошкор шуда, бо ҳукми Суди Олӣ Муродов Ҷурабек ба 24 соли зиндон, Софаев Комил ва Азизгиев Давлатёр ба муҳлати 23 солӣ аз озодӣ маҳркум шудаанд. Манбаъ афзуд, ки инчунин барои пинҳон доштани ҷинояти махсусан вазнин Муҳабатов Ҷамшед ва Шомуддинов Алишер ба 3 солӣ ва Файзуллаев Шавкатилло ба 2 соли зиндон маҳкум шудаанд.