Вазири дохилии Қирғизистон аз роҳи Исфара вориди Тоҷикистон шуд
Мелис Турганбаев, вазири умури дохилии Қирғизистон дар садри як ҳайат аз роҳи Исфара ба вилояти Суғд омадааст.
Оқои Турганбаев ба манзури иштирок дар мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон, ки имрӯз дар шаҳри Гулистон оғоз шуда, то 16 апрел идома мекунад, ба Тоҷикистон омадааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, меҳмононро дар гузаргоҳи марзии Гулистони шаҳри Исфара Умарзода Икром Ислом, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Назарзода Шариф Раҳмон, сардори Раёсати ВКД дар Суғд ва Раҳматзода Рустам, муовини аввали раиси вилояти Суғд пешвоз гирифтаанд.
Дар мушовараи мазкур масоили ҳамкориҳо миёни вазоратҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ мешавад: “Мубориза бар зидди экстремизм-терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия, аз дигар масоиле ҳастанд, ки дар ин мушовара мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт”.