Аъзои ҳукумати пешин дар бораи истеъфояшон ариза навиштаанд ва аммо дар бораи ҳайати нави ҳукумат ҳизби ҳоким ва мухолиф ҳанӯз ба тафовуқ нарасидаанд.
Акнун тасмими истеъфои ҳукумат барои таъсиси ҳукумати гузор кӯмак хоҳад кард. Ҳукумати чадид барои аз тариқи порлумонӣ гузаронидани тартиби баровардани Юнон аз бӯҳрони молӣ талош хоҳад кард.
Бино ба гуфтаи яке аз вазирони мустафъӣ, шоми имрӯз нахуствазири нави Юнон муайян хоҳад гашт. Номзадҳои арзанда ба ин мақом Никифорос Диамандурос, омбудсмени Аврупо ва Лукас Пападимос, сарвари Бонки марказии Аврупо дониста мешаванд. Сарвазири собиқи ин кишвар Георгиос Папандреу бо ҳайати пешини ҳамкоронаш дар ҷаласаи охири кори хайрухуш карда гуфт, дар ҳайати нави ҳукумат кор карданӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки 5 ноябр порлумони Юнон барои таъсиси ҳукумати эътилофии зиддибӯҳронӣ ба хотири дарёфти маблағи кӯмак ба миқдори 130 миллиард евро овоз дода буд.{jathumbnail off}