Видеои нави мақомот дар бораи табиби шаҳватпараст
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як видео аз боздошти як сокини 61-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки ба иттилои мақомот ба ҷоду машғул шуда, нисбати бархе аз занони корафтода ҳаракатҳои шаҳвонӣ мекардааст.
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, боздоштшуда Ашрафов Раҳим Акрамович, сокини 61-солаи деҳаи Учбоғи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки гӯиё бо дуою ҷоду ба гармухунуккунии муносибатҳо ва бахткушоӣ машғул будааст.
Манбаъ собиқаи кории ин табибро 15 сол арзёбӣ кард: “Феълан алайҳи Ашрафов бо иттиҳоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо сӯиистифода аз боварҳои динии корафтодагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Қаблан наворҳои маҳрамонаи табибону ба ном муллоҳо аз номи “Нури наҳзат” дар интернет нашр шуда, аксари қаҳрамонони чунин филмҳо аъзои Ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон муаррифӣ мешуданд.