Кӯчаи Шаумян ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шуд
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Шаумяни ноҳияи Шоҳмансурро, ки дар назди маҳаллаи Гардиши фурудгоҳ ҷойгир аст, ба номи Суҳроб Шарипов гузоштанд.
Вакилони халқӣ имрӯз, 14-уми апрел зимни ҷаласаашон дар Душанбе ҳадаф аз ин иқдомро қадрдонӣ аз хизматҳои марҳум Суҳроб Шарипов, собиқ вакили парлумон ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Инчунин Маҷлиси вакилон номи кӯчаи Олег Кошевойро ба номи Ваҳобҷон Иномов, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, кӯчаи Томинро ба Само, Добролюбовро ба Садоқат, Глинкаро ба Нурафзо, Шмидтиро ба Сафо иваз намуд.
Суҳроб Шарипов 19 январи соли 2015, бар асари бемории камхунӣ дар синни 52 дунёро падруд гуфт ва агар марҳум дар қайди ҳайёт мебуданд, 18 апрели соли равон ба синни 53 мерасиданд. Муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ марбут мебошанд. Дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуда буд.