Озода Раҳмон. Як қадам то узвият дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Вакилони халқи душанбе аз номзадии Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон барои узвият дар Маҷлиси миллӣ якдилона ҷонибдорӣ кардаанд.
Озода Раҳмон аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и пойтахт ба ҷойи Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вараҳбари пешини дастгоҳи президент номзад шудааст. Интихоботи вакили Маҷлиси миллӣ дар ин ҳавза 29 май дар назар аст.
Озода Раҳмон 27 январи соли 2016 раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд. Аз ин пеш ӯ ба ҳайси кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико (2005-2007) раҳбари раёсати консулии вазорати хориҷа (2007-2009), муовини вазири хориҷа (2009-2014) ва муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон фаъолият кардааст.