Вазорати умури хориҷии ИМА: Тоҷикистон кишвари авторитарист...
Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри гузориши ҷадид Тоҷикистонро кишвари авторитарӣ хондааст, ки ҳукумати он алайҳи меъёрҳои Сарқонун амал мекунад.
Дар гузориши ҷадиди Департаменти давлатии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, ки 13 апрел нашр гардид, таъкид шудааст: “Сарқонуни Тоҷикистон низоми сиёсии бисёрҳизбиро пешбинӣ кардааст, аммо ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла тайи як соли охир барои гуногунандешии сиёсӣ монеа эҷод мекард”.
Гузоришгарон мегӯянд, мушкилоти нисбатан назарраси ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки шаҳрвандон наметавонанд, тариқи интихоботи шаффоф ҳукуматдорони худро иваз кунанд. Инчунин аз шиканҷаю муносибати бад бо боздоштшудагон ва таъқиби фаъолони сиёсию мухолифин интиқод шудааст.
Вазорати умури хориҷӣ инчунин аз беҷазо мондани омилони шиканҷа зикр карда, афзудааст, ки дар Тоҷикистон хеле кам мансабдорони ҳукуматӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон муҷозот мешаванд.
Дар қатори маҳдудиятҳои дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Вазорати умури хориҷии Амрико маҳдудияти озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот, сайтбандиҳо, адами озодиҳои динӣ, муносиботи ғайриоинномавӣ дар артиш, набудани адолати судӣ, шароити бади маҳбасҳо, қочоқи инсон, меҳнати кӯдакон, таъқиби ҳамҷинсгароён ва муносибати бади бархе аз маъмурин бо намояндагони миллиати афғону узбакро ном бурдааст.