Интиқод аз маҳдудсозии озодии баёну динҳо дар Қазоқистон
Департаменти давлатии ИМА маҳдудсозии озодии баён, маҷлисҳо, динҳо, иттиҳодияҳо ва мустақилияти кофӣ надоштани низоми судиро мушкилоти аслии арсаи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон хондааст.
Дар гузориши ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон дар соли 2015, ки ахиран нашр шуд, Департаменти давлатии ИМА аз “маҳдуд будани имконияти аҳолӣ барои иваз кардания ҳокимият аз роҳи интихоботи озоду шаффоф” дар Қазоқистон интиқод кардааст.
Дар ҳисоботи солонаи Департаменти давлатӣ гуфта шудааст, “кодекси ҷиноятӣ ва маъмурӣ, ки аз якуми январ ҷорӣ шуд ва қонуни иттиҳодияҳои тиҷоратӣ маҳдудиятҳоеро” ба озодиҳои шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаанд. Дар гузориш аз “қатлҳо, азияти наваскарон, ки боиси ҳалокати онҳо мешаванд, шиканҷа ва хушунат дар нисбати маҳкумшудаҳо, шароити вазнин ва баъзан барои ҳаёт хатарноки нигаҳдорӣ дар зиндон” ёдоварӣ шудааст.
Муаллифон зикр кардаанд, ки “ҳукумат мақомдорони қонуншиканро дунболгирӣ мекунад. Ба хусус, агар ин кор ба парвандаҳои марбут ба фасодкорӣ бо ширкати мақомҳои баландпоя марбут бошад. Аммо изофа шудааст, ки “фасод ҳамчунон ба таври васеъ доман паҳн кардааст. Мансабдорони наздик ба ҳукумату сохторҳи қудратӣ беҷазо мемонанд”.