Намояндагии Тоҷикистон: Муҳоҷири тоҷик аз дасти худиҳо корд хӯрдааст
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шахсияти муҳоҷиреро, ки дар Санкт-Петербург мавриди ҳамла қарор гирифт, муайян кардааст.
Як масъули ин ниҳод дар шаҳри Санкт-Петербург имрӯз, 14 апрел ба “Озодагон” гуфт, ин муҳоҷир Сатторов Илёс Тоирович, сокини 30-солаи рустои Оби дараи шаҳри Ваҳдат будааст.
Расонаҳои русӣ аз қавли маъмурони пулис хабар доданд, ки шаби 13 ба 14 апрел дар ноҳияи Адмиралтейский афроди ношинос ба як муҳоҷири тоҷик ҳамла намуда, ӯро бо корд захмӣ кардаанд: "Табибон вазъи ӯро вахим арзёбӣ мекунанд".
Манбаъ мегӯяд, ба маълумоти онҳо, дар ин ҷиноят шаҳрвандони дигари Тоҷикистон даст доранд: “Сатторов, ки ронандаи таксӣ будааст ба ҳамватанони худ, сокинони маҳаллаи мавсум ба “9 км”-и Душанбе 3 ҳазор рубли русӣ қарз дода, пардохти онро талаб кардааст. Ӯро ба назди “Пройский рынок” даъват карда, ба ҷойи додани қарз бо 3 зарбаи корд захмияшӣ мекунанд”.
Масъули намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия афзуд, ҳоло Илёс дар беморхонаи Маринкский бистарӣ буда, ҷарроҳӣ шудааст. “Шахсияти ҷинояткорон муайян ҳам аст, аммо барои халал ворид нашудан ба рафти тафтишот номи онҳо эълон намешавад”,-афзуд ӯ.