Вокуниши Кумитаи ҷавонон: Дар Тоҷикистон пеш аз Туркманистон машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронда мешуд
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар кишвар бештар аз ду сол аст ки роҳандозӣ шудааст.
Ин ниҳод дар вокуниш ба хабари “Озодагон” бо номи “Баъд аз Туркманистон. Дар Тоҷикистон ҳам машқҳои пагоҳирӯзӣ “муд” мешаванд”, ки 12 апрел нашр гардид, гуфтааст, Тоҷикистон қабл аз Туркманистон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ шурӯъ карда буд.
Ба иттилои манбаъ, иқдоми машқҳои пагоҳирӯзӣ дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ки соли 2013 дар мулоқоташ бо ҷавонон шанбеи ҳар ҳафтаро “Рӯзи варзиш” эълон карда буд, роҳандозӣ шудааст: “Дар ин хусус фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ ҳаст ва аз баргузории чунин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе борҳо хабар дода будем, чанде пеш дар маркази вилояти Хатлон машқҳои пагоҳирӯзӣ бо шумораи зиёди нафарон доир шуд”.