Пурсиши “Озодагон”: Баргардонидани домуллоҳои маъруф ба минбар то куҷо роҳи ҳал аст?
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кард. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: Баргардонидани домуллоҳои маъруф роҳи ҳал аст?
Фаридун ҲОДИЗОДА, коршиноси масоили мазҳабӣ
Шояд то андозае кумак намояд, аммо сад дар сад боварӣ надорам. Чун ҷавононе, ки ба сафи гуруҳҳои тундрав гаравидаанд, аз ин домуллоҳо сахт интиқод мекунанд. Ҳоло вақти ин корҳо гузаштааст ва лозим аст, ба таври дигар кор кунанд. Масалан, агар ин корро 5 сол пеш мекарданд, шояд муассир мебуд. Масъалаи гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро аввалан таҳлил карда баромадан лозим, ки чаро ин тур шуда истодааст. Баъди он ки мо решаҳои ин равандро маълум кардем, ки аз куҷо мебарояд, баъд фикр карданамон лозим, ки ба кадом тараф ҳаракат кунем, ба кадом самт бештар аҳамият диҳем. Соли 2001 дар Афғонистон 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби амрикоиҳо дастгир шуда ба Гуантанамо интиқол ёфтанд. Соли 2002 раисиҷумҳури кишвар дар яке аз ҳамоишҳо вобаста ба ин қазия гуфт, нақшаи муайян дошта бошед, лекин аз он вақт ҳукумати мо, созмонҳо ва сафоратхонаҳо ҳамин қадар кор карданд, вале агар хато накунам моҳи феврали соли равон Прокурори генералӣ гуфт, аз Тоҷикистон имрӯз 1094 нафар дар ҷангҳои Ироқу Сурия ҷанг мекунанд. Яъне, 4 нафар буд, ҳоло 1094 нафар шудаанд. Дар 14 сол теъдодашон қариб 260 маротиба зиёд шуд. манзурам ин аст ки корҳое дар ин самт кардем, шояд зиёдаш нодуруст буд, барои ҳамин теъдоди ҷавонон дар созмону гуруҳҳои ифротгаро кам нашуда, зиёд гардид. Бубинед, ҳукумати Ҳиндустон ҳам сари ин масъала кор карда истодааст, дар Ҳидустон, ки тақрибан 150 миллион мусалмон дорад, ҳамагӣ 7 нафар дар ДИИШ ҷанг мекунанд. Яъне, ин нишон медиҳад, ки онҳо дар ин самт сиёсати бисёр дурусту пешрафтаро истифода бурдаанд, ки шаҳрвандонаш ба ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ напайвастаанд.
Абдуқодир РУСТАМ, нависанда
Воқеан мавъизаи руҳониёни доно ва огоҳ аз пешрафти башар ва мутталеъ аз илми рӯз метавонад барои поктар шудани ахлоқи ҷавонон, огоҳии бештари онон аз исломи суннатии мо, ки ҳамон мазҳаби Имоми Аъзам аст, мусоидат намояд. Аз ин тариқ то ҳадде аз ифротишавии ҷавонон низ пешгирӣ мешавад. Вале ин тасаввур, ки фақат бо бозгашти дубораи руҳониёни маъруф метавон пеши роҳи гироиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротии мазҳабиро гирифт, содаангорӣ аст. Ин амр бештар ба сиёсатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию мазҳабии давлат марбут аст.
Шуҳрат ЛАТИФОВ, таҳлилгар
Ин пешниҳод мавриди қабул мебошад, лек ин як роҳи ҳалли масъала буда, барои ҳалли пурраи он бояд омӯзиши на танҳо дини Ислом, балки таърихи динро дар мактабҳо ҷорӣ намуда аз сафи хатмкунандагони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон омӯзгорон омода намуд. Зеро танҳо бо омӯхтани як мазҳаб аз байн бурдани ифротгароӣ, тарки мазҳаб ва дигар омилҳои гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳоро аз байн бурда намешавад. Бояд ҷавонон, аз таърихи динҳои осмонӣ (масеҳӣ, ислом, яҳудӣ...) аз таърихи пайдоиши мазҳабҳо шинос бошанд ва таҳаммулпазирӣ байни мазҳабҳоро омӯзанд.
Мӯъмин АҲМАДӢ, хабарнигор
Воқеан, Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ба руҳониёне, ки дар ҷомеа нуфуз дошта, ба манфиати дину давлат хидмат кунанд, ниёзи зиёд дорад. Дар аксари давлатҳои дунё руҳониён хидмати давлатҳои миллии худро мекунанд ва бештар ҳарфҳоеро ташвиқ мекунанд, ки ба манофеи миллии ҳамон кишвар равона шудааст. Дар Русияву Амрико раҳбарони руҳонии динҳои гуногун, чӣ мусалмону насоро ҳамагӣ дар хидмати давлатанд. Дар Арабистону Покистону Эрон, ки давлатҳои мусалмонианд, дин ба давлат хидмат мекунад. Ҳоло аксари имомхатибоне, ки мо дар масоҷид дорем, мутаасифона миёни ҷомеа нуфуз ва эътибори зиёд надоранд. Воқеан ҳоло мо бояд руҳониёнеро, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд ва ақоиди диние доранд, ки ба давлатдории миллии мо созгор аст, ба сари минбар биорем.
Саъдӣ ВОРИСОВ, коршинос
Баъид медонам, ки оқои Ҳоҷӣ Мирзо ва воъизони таъсиргузори дигар ба минбарҳо баргардонида шаванд ва агар ҳам баргарданд, даъваташон мисли собиқ нахоҳад буд. Яъне минбарашон он гармӣ ва таъсири собиқаро нахоҳад дошт, ки ба муҷарради аз минбар поён шудан дискҳояш дар фурӯш бароянду дар ҷумҳурӣ ва берун аз он тақсим шаванд. Он сабу бишкасту он паймона бирехт. Аммо агар оқои Ҳоҷӣ Мирзо бихоҳад фикр мекунам садояшро метавонад расонидан. Чанде қабл Юсуф Раҳмон, додситони кулл дар мусоҳибааш бо “Ҷумҳурият” ишора карда буд, ки 85 дарсади сарбозгириҳо барои “Давлати Исломӣ” дар миёни муҳоҷирони мо дар Русия рух медиҳанд. Пас он ҷоро бояд муҳкам гирифт. Агар Ҳоҷӣ Мирзо Русия бираваду дар миёни ҷавонон кор барад, фикр намекунам монеае дар кораш бошад. Қаблан ҳам рӯҳониён сафарҳои зиёде доштанд ба он диёр.
Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Бо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар робита ба баргардонидани руҳониёни суннатӣ, имомхатибоне, ки равшанфикру уламои донишманду ҳақиқатгӯй ҳастанд, сад дар сад мувофиқам. Зеро имрӯзҳо ба ҳар гуна равияву созмонҳои террористӣ ба мисли Салафия, Ваҳобия, ДОИШ, “Ал- Қоида”, “Толибон”, “Ансоруллоҳ” ва ғайраҳо пайвастани ҷавонон ва бархе занон, ин надонистани аҳкому аркону талаботи дини Ислом мебошад. Барои ҳамин чунин зарурат пеш омадааст, ки мо донишмандону муллоҳои суннатиамонро барои корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба минбари масҷид барорем. Барои фаҳмонидани ҷавонон оиди ботил будани ДОИШ аввалан илми мукаммал, мардонагиву нотарсиву равшанфикрӣ ва баъдан обрӯи имом-хатиб бояд баланд бошаду дар ҷамъият эътирофшуда маҳсуб шавад.