Мулоқоти пушти дарҳои бастаи Раҳимзода бо ҷавонони ташаббускор ва фаъолони масоҷид
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 13 апрел бо гурӯҳи ҷавонони ташаббускори “Пешоҳанг” ва фаъолони масоҷид пушти дарҳои баста мулоқот баргузор намуд.
Масъулини Вазорати умури дохилӣ, хабарнигоронро ба мулоқоти вазир бо ҷавонону фаъолони масҷид, ки айни ҳол идома дорад, роҳ надоданд.
Тавре дафтари матбуоти ВУД хабар дод, дар мулоқот Раҳимзода изҳор доштаст, ки мақсад аз ин вохӯрӣ мустаҳкам намудани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили террористию экстремистӣ, ҳамчунин, сӯҳбати озоду самимӣ бо ҷавонон ва қадрдонӣ намудани нафароне, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амният саҳми арзанда гузоштаанд, иборат мебошад.
Вазири умури дохилӣ таъкид кардааст, ки имсол соли чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ буда, мо ҳама дар якҷоягӣ баҳри пешбурди ҷомеа дар ҳама соҳаҳои ҳаёт бояд саъю кӯшиш намоем: “Вазъи мураккаби кунунии ҷаҳон, ҳодисаю воқеаҳо дар давлатҳое, ки низоъҳои мусаллаҳона авҷ гирифтаанд, моро водор месозад, ки ҳамеша бо ҳам бошем ва дар ҳамбастагию ҳамкорӣ баҳри тинҷию амонӣ ҷаҳду ҷадал намоем”.
Роҳ наёфтани хабарнигорон ба ин мулоқот дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ва гуруҳҳои фаъоли масоҷидро мубориза бо ифротгароӣ хонда буданд. Гуруҳҳои фаъолони масоҷид, ки моҳи марти соли равон ташкил шуданд, ба гуфтаи масъулини ВКД муваззафанд, дар мавриди афроди ихтилофандоз ба мақомот хабар диҳанд.
Зикруллоҳ Саидзода, намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ахиран зимни намози Ҷумъа дар Душанбе аз ташкили гуруҳҳои фаъол таҳти роҳбарии имомхатибон хабар дода, афзуд, ки вазифаи ин гуруҳҳои фаъол аз он иборат аст, ки дар мавриди афроди ихтилофандоз ба мақомот хабар диҳанд: “Мардум ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамкорӣ кунанд, то нагузорем, ки ба хонаи модари тоҷик мусибат ояд”.