Хушхабар: Сумайя волидонашро пайдо кард (АКСУ ВИДЕО)
Сумайяи тақрибан 3-3,5-сола, ки аз рӯзи 12 апрел интизори волидонаш буд, ба дидори онҳо расид.
Ҳошим Шарипов, як сокини 55-солаи маҳаллаи Гипрозем, ки Сумайя дар хонаи онҳо буд, имрӯз, 14 апрел ба “Озодагон” гуфт, шаби гузашта падару модари ин духтарак ҳамроҳ бо маъмурони пулис ба манзилаш омада, ӯро бурданд.
Ҷаноби Шарипов, ки дар яке аз ошхонаҳои “Бозори Деҳқон” ошпаз шуда кор мекунад, чоршанбеи 13 апрел ба “Озодагон” гуфт, ин кӯдакро субҳ як ҷавони тақрибан 20-22-сола наздаш овард. Он ҷавон гуфтааст, ин тифлро шоми 12 апрел аз маҳаллаи маъруф ба “Военный городок” пайдо карда, шаб дар хонааш нигоҳ доштааст: “Вақте он ҷавон кӯдакро ба ман дод, гуфт, ки шитоб дорад. Ман ба духтаракро хӯрок дода, хонаам бурдам”.
Эътимод Шарипова, ҳамсари Ҳошим Шарипов ба “Озодагон” гуфт, кӯдак номашро Сумайя мегӯяд: “Вақте ӯро оварданд, либосҳояш нав ва хеле зебо буд. Сумайя номи модарашро Нуқра ва номи падарашро Ҷалол мегӯяд. Ҳозир дар вақти бо фарзандонам бозӣ кардан гуфт, ки модарам маро Сулаймонова Сумайя мегӯяд. Номҳои Робия, Фарида ва Маҳмадалиро гирифта, онҳоро акаву апаҳояш мегӯяд”.
Ба гуфтаи Ҳошим Шарипов Сумайя номи волидонашро дуруст гуфта будааст: “Падараш Ҷалол ва модараш Нуқра ном доштаанд. Модараш ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекардааст”.
Рӯзи гузашта ҷаноби Ҳошимов гуфта буд, барои пайдо кардани волидони кӯдак ба ШКД-и ноҳияи Сино муроҷиат кард ва вақте кормандони пулис омаданд, Сумайя гириста гуфтааст, бо оилаи онҳо мемонад: “Бисёр гиря кард ва дилам нашуд, ки ба кормандони пулис кӯдакро диҳам. Гуфтам то пайдо шудани волидонаш ҳаминҷо истад”.
Дар аксҳо Эътимод Шарипова ва Сумайя